Коронавирус - вируси тоҷдоре аз Чин ҷаҳонро бесаранҷом кард

Sputnik

Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд. Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус дар Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Ветнам ба қайд гирифта шудаанд.

Як бемори дигарро дар Австралия бо шубҳаи вируси тоҷдор бистарӣ карданд. Дар Русия ва Белорус низ чанд нафарро ба вируси тоҷдор шабҳа карданд, аммо тасдиқ нашуд.

Кишварҳои зиёде дар фурудгоҳҳо ташхисҳои иловагӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳоло, дар Чин шаҳри Ухан ва Хуанганро бастаанд. Даромад ва баромад ба ин шаҳрҳо маҳдуд шудааст, нақлиёти ҷамъитӣ ва чанд иншоот дар шаҳр муваққатан аз фаъолият бозмондааст.

Шаҳрҳои калони Чин таҳти назорати шадид қарор доранд.

То ҳол пизишкон роҳҳои пешгирӣ ва ваксинаеро аз короновирус наёфтаанд. Нишонаҳои бемориро таби баланд, сулфа ва нафасгирии мушкил гуфтаанд.

1 / 15
Ин акс 27 январи соли равон дар яке аз роҳҳои оҳани Пекин гирфта шудааст. Дар он зане ба назар мерасад, ки даҳону биниашро бо ниқоб пӯшонида, кӯшиш мекунад, ки худро аз вируси маргбор муҳофизат кунад. Феълан дар Чин тамоми мардум пас аз ҳангомаи олудашавӣ ба вирус ба таҳлука афтодаанд. Расонаҳо аз марги даҳҳо тан хабар медиҳанд
2 / 15
Зане ҳангоми хридорӣ дар мағоза. Ниқоб пӯшидааст ва кӯшиш мекунад, ки худро аз вирус эмин нигоҳ дорад. 26 январ, Пекин
3 / 15
Меҳмондорони ҳавопаймои ширкати русии S7, ки аз Пекин ба фуругоҳи Новосибирск нишастааст.
4 / 15
Писараке бо ниқоб дар фурудгоҳи байналмилалии Шанхай, 27 январи соли равон
5 / 15
Машшоте дар яке аз шаҳрҳои Чин бо ниқоб дат ба кор аст. Акс 23 январи соли равон
6 / 15
Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Ухани Чин пайдо карданд. Охирҳои моҳи декабр пизишкони шаҳри мазкур аз зуҳури бемории илтиҳоби шуши шубҳанок хабар доданд, ки пештар ба қайд гирифта нашуда буд. Дертар маълум гардид, ки манбаи бемории мазкур вируси нави навъи 2019-nCoV будааст, ки сирояткунанда мебошад.
7 / 15
Одамон ниқоб пӯшида соли нави чиниро дар Хиёбони Шаҳри Чини Лондон таҷлил мекунанд.
8 / 15
Ҷуфте дар даҳон ниқоб дастони ҳамдигарро медоранд. Фурудгоҳи байналмилалии Шанхай, 27 январи соли 2020
9 / 15
Дар Маскав ҳам ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоб мераванд
10 / 15
Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид. Феълан гирифторони короноврус дар Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, ИМА, Ҷопон ва Ветнам ба қайд гирифта шудаанд.
11 / 15
Пиёдагарде бо ниқоб дар яке аз кӯчаҳои марказии Токио, 26 январи соли 2020
12 / 15
Корманди фурудгоҳ дастпӯшакҳои муҳофиазтӣ мепӯшад. Кишварҳои зиёде дар фурудгоҳҳо ташхисҳои иловагӣ ҷорӣ мекунанд. Ҳоло, дар Чин шаҳри Ухан ва Хуанганро бастаанд. Даромад ва баромад ба ин шаҳрҳо маҳдуд шудааст, нақлиёти ҷамъитӣ ва чанд иншоот дар шаҳр муваққатан аз фаъолият бозмондааст.
13 / 15
Зани ниқобпӯш дар метрои Пекин кӯшиш мекунад худро аз вируси маргбори тоҷдор муҳофизат кунад, 26 январ соли 2020
14 / 15
Роҳибони буддоӣ дар наздикии Қасри шоҳӣ дар Камбоҷа, 28 январи соли 2020
15 / 15
Муҳофизи меҳмонхона дар шаҳри Ухани Чин. 28 январ, соли 2020