Милитсияи Душанбе ду ҳодисаи дуздиро ошкор кард

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор кардани ду ҳолати дуздӣ дар шаҳри Душанбе, хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ ҷавони 18-сола ва марди 30-сола дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ин бора ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 34-солаи сокини кӯчаи Борбади ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст.

Садамаҳои маргбор дар роҳҳои Душанбе ва Исфара

Ӯ гуфтааст, ки рӯзи 18-уми январи соли 2020, тахминан соати 04:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 4 ҳазору 450 сомонӣ, 400 сомонӣ (танга), 1 адад телефони мобилии тамғаи “Нокиа” ва ҷавоҳироти тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

"Зарари расонидашуда 9 ҳазору 550 сомониро ташкил медиҳад", - омадааст дар хабарнома. 

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дар паи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи мазкур, ки пеш бо моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

Ҳамзамон,  ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри Ваҳдат муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми январи соли 2020, тахминан соати 23:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ 2-адад рақамҳои қайди давлатии автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота Кемри”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини кӯчаи Гипроземи пойтахт бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ, дастгир карда шуд.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.