Хадамоти алоқа боварӣ дорад, бақайдгирии симкортҳо то 15 феврал ба анҷом мерасад

Масъулини Хадамоти алоқа таъкид дошт, ки мувофиқи қарори ҳукумати Тоҷикистон маъракаи сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи соли 2014 то 15 феврали соли равон ба анҷом мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Илҳомҷон Атоев, муовини аввали раиси Хадамоти алоқа, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки то 15 феврали соли равон муҳлати азнавбақайдгирӣ ба анҷом мерасад.

Вай зикр намуд, ки айни замон Хадамоти алоқа дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ беш аз 3,2 миллион симкортро бо пешниҳоди шиносномаҳои намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифтааст.

Эълони ВУД Тоҷикистон дар бораи симкорт ва шиносномаҳо: аз муҳлат то маблағ

Инчунин Илҳомҷон Атоев афзуд, ки дар ҳоли ҳозир, ин раванд идома дорад ва умедворем, ки то 15 феврал ба анҷом расад.

“Мо бовари дорем, ки то муҳлати муқарраршуда тамоми муштариёни фаъол аз нав ба қайд гирифта мешаванд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 5 миллион 132 ҳазор муштарии фаъол мавҷуд аст”, - қайд намуд муовини аввали раиси Хадамоти алоқа.

Ҳамчунин Илҳомҷон Атоев таъкид дошт, ки ин раванд ба хотири пахши соҳа нест, балки ба хотири зудтар ба дигар марҳила гузаштани ҷумҳурӣ роҳандозӣ шудааст.

“Агар мо ҳарчи зудтар ин корро анҷом диҳем, метавонем ба марҳиаи дигар  яъне ба марҳилаи иқтисоди рақамӣ гузарем. Мақсади мо пахш нест, мақсади мо ҳар чи зудтар ба дигар марҳила гузаштан аст”, - гуфт вай.

Муовини аввали раиси Хадамоти алоқа боварӣ дорад, ки то 15 феврала тамоми муштариён ба қайд гирифта мешаванд ва азнавбақайдгирии муштариён дубора тамдид карда намешавад. Ҳамаи шароит барои ин фароҳам шудааст.

Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат муҳлати сабти симкортҳоро барои 6 моҳи дигар - то 15 феврали соли 2020 тамдид кард.