Барканории Иззатулло Сатторӣ: таъйини ректори дигар ба мақоми вазирӣ- акс

Собиқ ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, ба вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Амонулло Салимзода, собиқ ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин шуд.

Хабари таъйини Амонулло Салимзода ба вазифаи вазири кишоварзии Тоҷикистонро, имрӯз Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзӣ зимни нишасти матбуотӣ таъйид кард.

Барканории Иззатулло Сатторӣ: таъйини ректори дигар ба мақоми вазирӣ- акс

Амонулло Салимзода дар ин вазифа Сатторӣ Иззатуллоро, ки аз соли 2016 то имрӯз ба ҳайси вазири кишоварзии Тоҷикистон фаъолият мекард, иваз намуд.

Сатторӣ Иззатулло, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон 24 декабри соли 1957 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шудааст.

Баъд аз хатми факултети ветеринарии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соли 1978 ба ҳайси ассистент дар ҳамин донишгоҳ фаъолияти кориашро оғоз намудааст.

Ректори нави Донишгоҳи миллӣ маълум шуд

Солҳои 1984-1994 ходими илмӣ, мудири озмоишгоҳ ва аз соли 1994 то соли 2005 ба ҳайси директори Институти ветеринарии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2005 то соли 2013 ба ҳайси ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур кор кардааст.

Солҳои 2013-2016 дар вазифаи Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Муаллифи беш аз 220 китобу мақола ва дастурамал оид ба соҳаи кишоварзӣ мебошад. Навигариҳои илмӣ бо 16 патент тасдиқ шудааст. Бо роҳбарии ӯ 14 номзаду докторҳои илм тайёр гардидааст.

Бо Фармони Президенти Тоҷикистон 30 марти соли 2016 Вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шуда буд.