Даҳ ҷасади сӯхтаи узбакистониҳоро аз Томск ба Тошканд оварданд

Даҳ ҷасади шаҳрвандони Узбакистон ба Тошканд интиқол дода шуданд. Ҷасади ду тани дигар пас аз экспертиза ба Ватан фиристода мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ҷасади даҳ муҳоҷири сӯхтори Томскро ба Тошканд оварданд, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷаи Узбакистон.

Гуфта мешавад, ки ҷасади ду тани дигар пас аз экспертиза ба Ватан фиристода мешавад.

"Субҳи 26 январ, аз ҷониби гурӯҳи кории иборат аз кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ, ВКД, Ожонси муҳоҷират ва меҳнат тариқи хатсайри HY-668 ба Тошканд, ҷасади даҳ шаҳрванди Узбакистон, ки дар паи сӯхтор дар манзили чӯбини деҳаи Причулимски Томск ба ҳалокат расидан, ба Тошканд оварда шуд",- омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки шаби 21 январ, бар асари сӯхтор дар деҳаи Причулимски минтақаи Асиновски вилояти Томски Русия, 11 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва як русиягӣ ба ҳалокат расиданд.

"Худо раҳмат кунад": ҳамдардии Рамазон Қодиров бо Шавкат Мирзиёев

Навори сӯхтори мудҳиш дар Томск: шаҳрвандони Узбакистон ҷон бохтанд - видео

Сӯхтор дар як бинои як ошёнагии чӯбин сар задааст. 

Хадамоти наҷотдиҳандаи Русия дар ҷои ҳодиса ҷасади 11 нафарро пайдо кард. Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ду нафар шаҳрвандони хориҷӣ тавонистанд дар ин сӯхтор наҷот ёбанд.  

Тибқи маълумоти мақомоти маҳалӣ, ин биноро ширкати чинӣ ба иҷора гирифта буд ва дар он шаҳрвандони Чин, Тоҷикистон ва Узбакистон зиндагӣ мекарданд.