Меғ, бод ва тарма: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои 25, 26 ва 27 январ

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Рӯзҳои 25-27 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ва Суғд фаромадани туман аз эҳтимол дур нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ низ фаромадани тарма пешгўӣ шуда, дар роҳҳои ноҳияҳои доманакўҳӣ ва кўҳӣ яхбандӣ ва пайдоиши қабати барф дар назар аст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар", бо такя ба Ожонси ҳавошиносӣ.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Сюрпризҳои табиат: ҳавои Тоҷикистон то 50 дараҷа сард мешавад

Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона 14-16 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, саҳаргоҳон ва рӯзона ҳаво бебориш мешавад.

Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+3 ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0+2 ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.