"Зандор шудан мехостам": боздошти шаҳрванди Тоҷикистон барои арӯсдуздӣ дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон кормандони мақомот се нафарро, ки якеашон шаҳрванди Тоҷикистон аст, ба иттиҳоми одамрабоӣ боздошт кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Ӯш як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми одамрабоӣ дастгир карданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ҷазои духтардузд: муҳоҷирро барои рабудани арӯси собиқаш зиндон мекунанд

Бино бар иттилои манбаъ, дар дуздии як духтари 22-сола дар шаҳри Ӯш се нафар, аз ҷумла сокини Мурғоб муттаҳам мешаванд.

Ҳодиса 21 январи соли равон рух додааст.

Мақомоти Қирғизистон се муттаҳамро дар ҳабси пешакӣ нигоҳ медоранд.

Бино бар иттилои тафтишоти пешакӣ, яке аз се ҷавонон мехостанд духтари дуздидаашонро ба занӣ гиранд. Онҳо мехостанд аз анъанаи қадимӣ, вале мамнӯъ дар Қирғизистон арӯсдуздӣ истифода кунанд.

Нисбати се боздоштшуда, аз ҷумла шаҳрванди Тоҷикистон бо моддаи 175 Кодекси ҷиноии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.