ДУШАНБЕ, 25 янв - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари боришоти шадиди барф ва фаромадани тарма як қисм роҳҳои кишвар баста мебошанд.
Феълан, ҳаракати нақлиёт дар масири Душанбе - Рашт - Лахш ва Шамсиддин Шоҳин - Ванҷ ба мушкил рӯбарӯ ҳаст.
Зимнан, тибқи маълумоти ширкати IRS ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи Душанбе - Чанок низ масдуд аст. Дар километри 44, 52, 60, 61, 66 ва 71 бинобар фаромадани тарма роҳ маҳкам аст.
Дар Кӯҳистони Масчоҳ беш аз 200 сар гусфанд зери тарма мондаасту аз чӯпонҳо дараке нест
Гузашта аз ин, бар асари фаромадани тарма дар км 62, 63, 65 ва 66 -и роҳи автомобилгарди Душанбе-Варзоб ва дар км 3, 18 км - и самти Лабиҷар - Сангвор роҳ масдуд буд, аммо қисмати роҳи Лабиҷар - Сангвор аллакай аз барфу тарма тоза карда шуд ва дар самти поксозии масири Душанбе - Варзоб корҳо идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои хатарнок, роҳҳои пурхатари нақлиёт, ғунучини ҳезум ва рафтан ба кӯҳҳову доманукӯҳҳо худдорӣ намоянд.