ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Заминҷунбӣ тахминан соати 12:09 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази зилзила дар километри 260-уми қисмати шимолу шарқи Душанбе, дар шарқи ноҳияи Лахш қарор дошта, 5 баллро ташкил дод.
Шиддати зилзила тибқи ҷадвали Рихтер дар Душанбе 2 балл арзёбӣ гардид.
Дар бораи хисороти зилзила хабар нарасидааст.