Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон исломшиноси №1 - и Тоҷикистонро барканор кард

Президенти Тоҷикистон исломшиноси №1 - и Тоҷикистон - Файзулло Баротзодаро бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш, аз вазифаи мудири Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон озод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармон мудири нави Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин кард.

"Давлатзода Муродулло Исмат директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад", - омадаааст дар хабарнома.

Пештар ин мақомро Файзулло Баротзода соҳиб буд, ки ахиран номзади Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон шуд.

Мудири Маркази исломшиносии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд

Баротзода Файзулло 10 феврали соли 1962 дар шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  бо ихтисоси муаллими забони арабӣ ва забону адабиёти тоҷик хатм кардааст.

Солҳои 1985 – 1989 ба ҳайси тарҷумон дар Ҷумҳурии Сурия фаъолият намудааст.

Фаъолияти минбаъдаи ӯ асосан дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ходими хурди илмии Институти шарқшиносӣ идома ёфта, то ҷонишини мудири Институти забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ ва  ёвари Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст.

Аз 13 феврали соли 2015  дар мансаби  мудири Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор мекунад.