ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Ҳодисаи ба нашъаҷаллобӣ машғул шудани ин ду сокини ноҳияи Спитамен, аз сӯи кормандони милитсия ошкор карда шудааст.
"Бо гирифтани ахбороти оперативӣ дар хусуси даст доштани гумонбарон дар паҳну фурӯши воситаи нашъадор кормандони мақомоти милитсия наздики як моҳ нисбати онҳо чораҳои оперативӣ роҳандозӣ намудаанд", - мегуяд Акбар Шарифӣ
Акрам Абдуқодирови 43-сола ва Атҳам Абдусамадови 44-сола, ҳарду сокинони ҷамоати Саидқурғони Спитамен ва инак гумонбаршудаҳои фурӯши маводи нашъаовар дар гузашта ҳам барои содир кардани ҷиноят суд шудаанд.
Акрам Абдуқодиров соли 2017 бо ҳукми суд дар Федератсияи Русия бо ҷурми ғайриқонунии воситаи нашъадор ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Атҳам Абдуаҳатов дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ, тамаъҷӯӣ ва ғоратгарӣ қаблан суд шудааст.
Чанде пеш кормандони Раёсати агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд, аз ин ду нафар ба миқдори бештар аз 2 кило маводи нашъаовари бангдона мусодира карда буданд.
Боздошти се тоҷикистонӣ дар Волгоград бо маводи мухаддир
Бино ба иттилоъи сухангӯи РВКД дар Суғд, зимнан нисбати ин ду нафар бо моддаи 200 қисми 3 -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.