Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Раҳмон ва Жээнбеков масъалаи марзиро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои корӣ дар асоси доимӣ идома дода шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имрӯз, 24 январ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков телефонӣ суҳбат кард. 

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор додаанд.

"Дар ин зимн ба масъалаҳои делимитатсияи хатти сарҳади давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд", - омадаааст дар хабарнома.

Раззоқов гуфт, табодули замин миёни Тоҷикистону Қирғизистонро бо кӣ баррасӣ мекунанд

Манбаъ афзуда, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории ҷонибҳо дар ин ҷода дар асоси доимӣ идома дода шавад.