Раҳмон рамзи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро тасдиқ кард

Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро тасдиқ намуд.

Раҳмон рамзи 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро тасдиқ кард
Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ "Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва рақамҳои “1991-2021” бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
Раҳмон рамзи ҷашни 5500 солагии шаҳри Саразмро тасдиқ намуд

Ҳамзамон дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон – тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст.

 "Хӯшаи гандум": рамзи нави Данғара дар даромадгоҳ чигуна аст - акс

Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистонро дар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб – ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд.

Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.

"Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ҳамакнун вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" васеъ истифода баранд.

Ёдовар мешавем, ки 9 - уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро ба даст оварда буд.