Падари Ҳабиб муҳорибаи Конор ва Серронеро сохтакорӣ хонд

Размикори доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммедов ва падари ӯ, ки ҳамзамон мураббии фарзандаш мебошад, пирӯзии Конор бар ҳарифашро сохтакорӣ унвон карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Абдулманап Нурмуҳамедов падар ва ҳамзамон мураббии қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб Нурмуҳаммедов, дар мусоҳиба бо сомонаи "Чемпионат" бобати пирӯзии размикори ирландӣ Конор Макгрегор ибрози андеша намуд.

Сад миллион доллар: шарти Нурмуҳаммадов барои реванш бо Макгрегор
Ба боварии Абдулманап, ғолибияти Конор ин танҳо саҳми бахши робита бо ҷомеаи UFC асту халос. Онҳо бо ин тарғибкории худ тавонистанд Конорро дубора ба майдони набард оранд.

Биниро шикасту пешониро бӯсид: видеои пурраи рақобати Макгрегор ва Серроне

Зимнан, Нурмуҳаммедов мӯътақоид аст, ки муҳорибаи Конор ва размикори амрикоӣ "характери шартномавӣ " дошт. 

"Магар шумо пай набурдед? Шумо ҳама чизро аз ман беҳтару хубтар медонед. Ин муҳориба набуд, танҳо як сохтакорӣ буд. Мо медонем, ки Серроне дар асл чӣ гуна рақобат мекунад. Муҳорибаи қалбакиро UFC барои баргардонидани Конор ташкил кард. Вале мо чун ҳарвақта зарурати баргузор кардани реванш бо Конорро намебинем", - изҳор намуд Абдулманап.

Ба гуфтаи ӯ, тибқи қавонин, қаҳрамон танҳо дар сурате барои баргузор кардани реванш розӣ мешавад, агар рақиби ӯ дар муҳорибаи шадид пирӯз шавад.

Пирӯзӣ дар 40 сония: Макгрегор Серонеро оғуш кашиду бӯсид-видео

Аммо ин қонун на дар мисоли муҳорибае, ки Конор баргузор кард, чун ӯ ҳатто 5 даври муҳорибаро ҳам нагузаронд.

Ёдовар мешавем, ки қаҳрамони собиқи UFC, размикори ирландӣ Конор Макгрегор рақиби амрикоии худ Доналд Серронеро дар 40 сонияи даври аввал шикаст дод.

Сохтакорӣ ё ҳақиқат: фурӯтании Макгрегор дар дидори рӯбарӯкунӣ бо Серроне - навор

Макгрегор сабқат бо Серронеро аз ҳамла оғоз карда, хеле зуд бо зарби китф бинии рақибро шикаста, хай-кики муваффақ анҷом доду ба силсилаи зарбаҳо гузашт. Довар Херб Дин сабқатро дар сонияи 40 боздошт.

Макгрегор баъди пирӯзӣ рақибашро оғӯш гирифту бӯсид ва ба ҳозирин эълон кард, ки “ман баргаштам”. Ин нахустин пирӯзии Макгрегор тайи беш аз се соли охир мебошад.