Номаи шодбошии Файзов ба Имронова барои намоиши муваффақи либос дар Порис

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов барои бо ҷоизаи ЮНЕСКО сарфароз шудани тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова ӯро шодбошӣ намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ёдгор Файзов раиси ВМКБ бо ирсоли номаи шодбошӣ аз музаффарияти ду тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова ва Тоҳир Иброҳимов дар намоишгоҳи мӯди Oriental Fashion Show Paris-2020 изҳори фараҳмандӣ намудааст.

Ба иттилои котиботи мақомоти ВМКБ, раиси вилоят дар мактуби худ зикр намудааст, ки "боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ду нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Нафиса Имронова ва Тоҳир Иброҳимов ба ҳайси тарроҳи беҳтарин, ки суннати ниёгони миллати тоҷикро аз қабили сӯзани ва зардӯзи дар арсаи байналмилалӣ дар шаҳри Парижи давлати Фаронса муариффӣ намуданд ва соҳиби ҷоҳизаи ЮНЕСКО гардиданд".

Нафиса Имронова тарроҳи тоҷик дар Париж мукофоти ЮНЕСКО гирифт - акс

Файзов ба ҳар ду тарроҳи муваффақи тоҷик аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар эҳё намудани фарҳангу тамаддуни аҷдодии миллати тоҷик комёбиҳои беназирро таманно намудаст.

Ёдовар мешавем, ки тарроҳи тоҷик Нафиса Имронова дар намоишгоҳи мӯди Oriental Fashion Paris -2020 дар Порис ширкат намуда, соҳиби мукофоти ЮНЕСКО гардида буд.

Хуршед Сатторов ба муносибати 8 март пӯшоки баҳоронаашро намоиш дод (НАВОР)

Ба гирифтани мукофоти ЮНЕСКО як намояндаи дигари Тоҷикистон, асосгузори Ҳафтаи мӯд Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов низ сазовор дониста шуд.

Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии мӯд Oriental Fashion Show Paris-2020, рӯзҳои 19 - 20 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Порис баргузор гардид.

Дар намоишгоҳи мазкур дасти кам 35 тарроҳ аз кишварҳои Аврупо ва Осиё ширкат намуда, наздики 10 либос - дастранҷи худро ба намоиш мегузоштанд.