Футболбозони навраси тоҷик тими Гурҷистонро шикаст доданд

Акнун натиҷаи бозии Исроил — Исландия мавқеи тими моро дар гурӯҳ аниқ месозад. Ҳоло мунтахаби Исроил U-17 бо доштани 4 хол зинаи дуюми гурӯҳро касб кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар даври охири марҳилаи гурӯҳии «Ҷоми Рушд-2020» тими миллии зери 17-солаҳои Гурузияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Нороҳатӣ дар хориҷа! Пахши “Футбол” қатъ, рамзи “Варзиш” дигар шуд

Тавре АМИТ "Ховар" бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар дақиқаи 13-уми рақобат футболбози гурҷистонӣ  Дундуа ҳисоби бозиро кушод. Аммо ба ин голи ӯ футболбозони тоҷик бо 2 голи задаи худ ҷавоб гуфтанд. Дар дақиқаи 36-ум Алиҷони Айнӣ ва дар дақиқаи 77-ум Сунатулло Азизов голҳои мунтахаби моро ба нишон расониданд.

Пас аз ин комёбӣ мунтахаби наврасони то 16-солаҳои мо дар гурӯҳ бо касби 6 имтиёз ба зинаи аввал баромад.

Акнун натиҷаи бозии Исроил — Исландия мавқеи тими моро дар гурӯҳ аниқ месозад. Ҳоло мунтахаби Исроил U-17 бо доштани 4 хол зинаи дуюми гурӯҳро касб кардааст. Дар сурати пирӯзии Исроил мунтахаби мо дар ҷадвал ба ҷойи дуюм мефарояд.