Дар Бишкек гуфтушунидҳои масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон оғоз шуд

Ҷонибҳо талош доранд, ки масоили таниш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва муодилаи ҳудудҳоро ҳал кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар Бишкек гуфтушунидҳои танзими вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғзистон оғоз шуд, хабар медиҳад вазорати умури хориҷаи Қирғизистон.

Пас аз таниш дар марз: Қирғизистон 6 шаҳрванди Тоҷикистонро ҷустуҷӯ дорад

"Ҳайати васее аз Тоҷикистон дар Бишкек қарор доранд ва масоили марзиро баррасӣ мекунанд", - омадааст дар изҳороти манбаъ.

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон Чингиз Айдарбеков гуфтааст, ки мушкилии марзҳои муайянношудаи байни Қирғизистону Тоҷикистон таҳти назоратанд ва феълан ҷумҳуриҳо кӯшиш доранд, ки бо муодилаи ҳудудҳо мушкилии рақами яки байни сокинони марзии ду кишварро ҳал кунанд.

Ёдрас мешавем, ки муноқишаи навбатӣ шоми 9 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст. Дар паи ин таниш сокинони наздимарзӣ ҳамдигарро сангборон карданд.

Қирғизистон ҳангоми таҳқиқи ҳодиса чанд шаҳрвандашро дастгир кард ва шаш шаҳрванди Тоҷикистонро ба пайгард эълом кард.

Таҳқиқи ҳодисаро мақомоти ду кишвар мебаранд.