ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Мирмуҳаммад Камолзода муовини вазири беҳдошти кишвар мегӯяд, Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз маризии коронавирус тамоми тадбирҳоро андешида истодааст.
Ба гуфтаи муовини вазири беҳдошт, ин нав маризии сироятӣ аслан дар бадани ҳайвоноти хонагӣ, хусусан паррандаҳо, чорвои калони шохдор ва хук хурӯҷ намуда, сипас ба одам интиқол меёбад.
"Нишонаҳои асосии ин беморӣ, пеш аз ҳама таби баланд, дарди сар, дарди мушаку пайвандҳо ва дарди гулӯ буда, пасон нишонаҳои дигар, аз ҷумла осеб ёфтани роҳҳои нафас ва шушҳо ба вуҷуд меоянд, ки дар муҳлати кӯтоҳ ҳолати бемор вазнин гардида, дар сурати ба табобат фаро нагирифтан он метавонад ба фавт оварда расонад", - афзудаст муовини вазир.
Зимни муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда дар 58 нафар вируси ВНМО дарёфт шудааст
Ба изҳори Камолзода, айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди теплавизор ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад, тавассути онҳо ташхис мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват ба аммал овардаанд, ки аз сафар ба Чин худдорӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки охирҳои моҳи декабр мақомоти чинӣ аз пайдо шудани вируси нав дар шаҳри Ухани ҷумҳурӣ хабар доданд.
Феълан, 218 ҳолати гирифторӣ ба ин вирус ба қайд грифта шудааст. Дар пайи олудашавӣ чор нафар ҳалок шудаанд. Ҳолатҳои гирифторшавӣ ба коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Таиланд ба қайд гирифта шудааст.