Боздошти боз даҳ “теғзан”-и дигар дар Душанбе

Масъулини Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълон намуданд, ки дар як ҳафтаи ахир боз нафарро боздошт намуданд, ки номбурдагон бо худ силоҳи сард мегардониданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Раёсати вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар давоми як ҳафтаи охир кормандони милитсияи пойтахт дар доираи роҳандозӣ намуданаи амалиёти “Корд” дар марҳилаи навбатӣ боз даҳ нафари дигарро боздошт намуданд.

Боздошти боз даҳ “теғзан”-и дигар дар Душанбе

Тибқи иттилои манбаъ, боздоштшудагон бо худ силоҳи сард мегардониданд.

“Дар рафти баргузории марҳилаи навбатии амалиёт аз 10-нафар шаҳрвандон 10-адад корд дарёфту мусодира карда шуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки нисбати он нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира карда шуд, чораҳои гуногуни таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла нисбати ду нафар ҳабси маъмурӣ, нисбати волидайни як нафар ноболиғ протоколи маъмурӣ бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ва нисбати 7-нафари дигар ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шуданд.

Бар иттилои манбаъ, Хочаев Аброр Саидисломович соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаи 200 кисми 3 КҶ ҶТ маҳкум шуда буд, боздошт ва аз ӯ як-адад корд дарёфт карда шуд.

Боздошти 11 нафари мусаллаҳ бо силоҳи сард дар Душанбе

Ҳамзамон кормандони мақомоти интизомӣ Сатторов Шоҳин соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Мирзоахмедов Эраҷ Дилшодович, соли таваллудаш 1997 зода ва сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Мирзоахмедов Эраҷ соли таваллудаш 1997 зода ва сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд, Ҳикматов Додулло истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Навбаҳор, Раҳимов Холид соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи вилояти Суғд ноҳияи Б. Ғафуров, Нуриддинов Амирҷон Хуршедович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Соҳибзода Ҳамза Рустам, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Мамадқулов Қосим соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Умаров Алиҷон, соли таваллудаш 2004, истиқоматкунандаи шаҳри Душанберо боздошт намуданд.

Вобаста ба ин Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе аз кулли шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки барои пешгирии ҳолатҳои бо худ гирифта гаштани силоҳи сард, бе тараф набошанд ва амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд то нагузоранд онҳо ҳамроҳи худ чунин силоҳи сард гардонанд.

Инчунин Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе зикр намудааст, ки милитсияи пойтахт то охирин лаҳза ва пурра аз байн бурдани ин амали номатлуб дар ҷомеа мубориза бурда, амалиётҳои мақсаднокро дар ҳудуди пойтат идома медиҳад.