ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 дараҷа хунук ва рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 30-35 ва рӯзона 14-19 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок дар назар буда, дар водиҳо борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ боридани барф пешгӯӣ шуда, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.