Ҷавонону донишҷӯёни тоҷик дар Чин роҳбар пайдо карданд

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон аз интихоби Комрон Юнусов, ҳамчун роҳбари созмон роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Чин хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Комрон Юнусов, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи омӯзишҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Чин таъйин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Раисҷумҳур ба донишҷӯе мақоми баланди давлатӣ пешниҳод кард

Тибқи иттилои манбаъ, таъйини Комрон Юнусов бо розогиии раиси Шӯрои маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” Абдуллозода Аҳтам Рустам сурат гирифтааст.

Гуфта шудааст, ки Комрон Юнусов, минбаъд роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта”  дар ҳамкорӣ бо Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Чин ва намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Чин, корпусҳои дипломатии созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои маҳфил  ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, муаррифии таърих, фарҳанг, осори пурғановати миллати тоҷик ва мусоидат дар ҳалли мушкилоту дастовардҳои ҷавонон дар давлати мазкур фаъолият хоҳад кард.

Ҳамзамон, манбаъ қайд намудааст, ки дар доираи қарори мазкур муовинони роҳбар дар Чин   Саидова Адолат Саъдуллоевна – донишҷӯи  соли дуввуми Донишгоҳои муқаррарии шаҳри Сиан ва Холов Идибек Давлатмуродович – магистранти соли дуввуми  Донишгоҳои муқаррарии шаҳри Сиан таъин гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз соли 2014 инҷониб дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон таъсис дода шуда, намояндагии ин созмон дар 17 кишвари дунё фаъолият дорад.