Раводид байни Эрону Русия бекор мешавад

Дар паи хоҳиши дутарафа, 4 соли пеш тафоҳумномаи тасҳили эътои виза миёни вазирони хориҷаи ду кишвар имзо шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон эълом кард, визаи Эрон ва Русия ба зудӣ бекор карда мешавад.

Путин аз нақши созандаи Эрон дар Сурия таъкид кард

Алиасғари Мунисон, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон гуфт, яке аз кишварҳое, ки ба унвони кишвари ҳадаф дар барномарезиҳо қарор гирифтааст, Русия аст.

"Дар сафаре, ки ба ин кишвар хоҳем дошт, тафоҳумномаи бекор кардани визаи дутарафа бо ин кишварро имзо хоҳем кард", - афзудааст вай.

Эрон ва Русия аз 5 соли пеш дар паи бекор кардани визаи дуҷониба буданд.

Дар паи ин хоҳиши дутарафа, 4 соли пеш тафоҳумномаи тасҳили эътои виза миёни вазирони хориҷаи ду кишвар имзо ва дар идомаи он раванди дарёфти виза кутоҳтар шуд.