ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ҳифзи аҳолиро аз ғизои носолим ба қатори вазифаҳои аввалиндараҷаи башарият шомил намуд, менависад Вазорати тандурустӣ.
Рӯйхати "Таҳдидҳои фаврӣ барои даҳсолаи наздик" ҳамагӣ 13 мушкилоти мубрамро, ки ҳалталабанд, фаро мегирад.
Онҳо аз коҳиш додани хатари саломатӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим, дастрас будани маводи доруворӣ ба беморон, сармоягузорӣ ҷиҳати омода намудани кормандони тиб ва расонидани ёрии тиббӣ ба минтақаҳои ноамн иборатанд.
Ба таҳқиқи ин созмон, сеяк ҳиссаи бемориҳо марбут ба норасоии ғизо, истеъмоли ғизои носолим ва тарзи нодурусти истеъмоли ғизо мебошанд.
Дар бораи мубориза бо хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим ТУТ чунин таъкид мекунад: "Буҳрони иқлим ин буҳрони саломатист. Ифлосшавии ҳаво ҳамасола тақрибан 7 миллион одамро ҳалок месозад".
ТУТ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки ба паҳншавии бемориҳои марговар (эпидемия), аз ҷумла ВИЧ-СПИД, сил ва вараҷа хотима дода шавад.
Тибқи пешгӯии коршиносон, дар соли 2020 тақрибан 140 ҳазор нафар аз бемориҳои сироятӣ мефавтанд.