Дастаи футболи наврасони то 16-солаи Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2020"-ро дар шаҳри Мински Беларус бо пирӯзӣ оғоз кард.
Дар даври аввал варзишкорони тоҷик бар дастаи наврасони Исландия бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.
Голҳоро аз ҳайати Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода дар дақиқаи 27-ум ва Суннатулло Азизов дар дақиқаи 75-ум ба ҳадаф расониданд.
Бозии дигари гурӯҳи "В" миёни дастаҳои наврасони Исроил ва Гурҷистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм- 21 январ бо дастаи Исроил вомехӯрад. Бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми рушд-2020 8 даста дар ду гурӯҳ як давр бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷои дуюми гурӯҳҳо барои ҷои сеюм бозӣ мекунанд.