Карзай аз мухолифати мақомоти Афғонистон бо тарҳи коҳиши хушунати Толибон интиқод кард

Раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон гуфт, таъкиди давлат бар барқарории оташбас монеи оғози музокироти сулҳи байни афғонҳо мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳомид Карзай, собиқ раисҷумҳури Афғонистон ахиран эълон кардааст, ки давлати Ашраф Ғанӣ набояд ба баҳонаи оташбас монеи оғози гуфтугӯҳои сулҳ байни мақомот аа Толибон шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Washington Post: аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон беш аз 157 ҳазор нафар кушта шуд

Вай таъкид кард, тарҳи коҳиши амалиёти низомӣ дар Афғонистон аз сӯи Толибон дар музокирот бо Амрико мавзӯи бисёр муҳиме аст, ки бо пазируфтани он аз сӯи давлати Кобул метавон ба поёни ҷанг наздик шуд.

Толибон бо тарафи амрикоӣ тавофуқ кардааст, то дар рӯзҳои ахир пеш аз имзои тавофуқномаи ба истилоҳ сулҳ, амалиёти низомии худро дар Афғонистон барои хуруҷи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар коҳиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон бо тарҳи коҳиши хушунат комилан мухолиф аст ва барқарории оташбасро шарти оғози гуфтугӯҳои байни мақомоту Толибон медонад.