Занеро, ки Раҳмон дар навор диду таъриф кард: навсозии хонаю тақдими пул-аксҳо

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон ба аёдати Саодат Хоҷаева, маъюби гуруҳи якум, сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ рафта, аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон туҳфаҳои пуливу молӣ расондаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Ҳукумати Хатлон хабар дод, ки айни замон мақомоти иҷроияи ноҳияи Восеъ хонаи истиқоматии хонаводаи Хоҷаеваро навсозӣ карда истодааст.

Пул ҳаст: Бонки миллӣ гуфт, дар набудани пули нақд худи ташкилотҳои қарзӣ айбдоранд

Қурбон Ҳакимзода зимни аёдат дастур додааст, ки дар баробари азнавсозии манзили зист, гирду атрофи хонаи Саодат Хоҷаеваро сафолакпӯш намоянд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахираш ба парлумон аз  Саодат Хоҷаева тавсиф кард, ки сарфи назар аз он, ки аз дасти гиро маҳрум аст, бо пойҳои худ ба корҳои кишоварзӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебарад.

Раҳмон гуфт, навори кору зиндагии Хоҷаева Саодатро дид, ки "бо пояш замини наздиҳавлигияшро каланд мекунад, се фарзанд дорад, шавҳараш ҳам маъюб аст, бо пойҳояш хӯрок мепазад, дарз медӯзад, тамоми шароити рузгорро пеш мебарад ва аз зиндагӣ руҳафтода нест”.

Занеро, ки Раҳмон дар навор диду таъриф кард: навсозии хонаю тақдими пул-аксҳо

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Раҳмон ба баъзеҳо Худо чашму бинию ҳушу дасту по додаст, аммо хушашон намеояд, ки замини наздиҳавлигияшонро кишт кунанд.

“Бо як нафақаи ночиз аз зиндагӣ руҳафтода нагардидаст, зиндагӣ худаш мубориза аст”, - тавсиф кард Эмомалӣ Раҳмон аз Саодат Хоҷаева.

Ӯ афзуд, вақте як модари тоҷик дар чунин шароит заҳмат мекашад, чаро мо ватани худро обод насозем.