Раҳбарони ширкатҳои Тоҷикистонро аз вазъи тиҷорат мепурсанд

Мақсади пурсишномае, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Фаъолнокии иқтисодиёт» гузаронида мешавад, омӯзиши андешаи роҳбарони ширкатҳо оид ба вазъи тиҷорати кунунӣ, инчунин нақша ва интизории онҳо барои оянда мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ дар мулоқоти муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ — намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ  Ян-Петер Олтерс, коршиноси калони иқтисодӣ Гоҳар Гулюмян, мушовирони байналмилалӣ Мартин Галстян ва Вахе Мавсисян дар Душанбе баррасӣ гардид.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо тамдид шуд: БМТ интизори пешниҳодҳои ширкатҳои аудиторӣ аст

Бино ба гузориши манбаъ, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ барои мусоидат дар татбиқи марҳилаи навбатии кӯмаки техникӣ оид ба ҳисоб намудани методология ва баҳодиҳии «Фаъолнокии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» изҳори сипос намудааст.

Мушовири байналмилалии Бонки Ҷаҳонӣ Мартин Галстян оид ба татбиқи лоиҳаи «Фаъолнокии иқтисодиёт», дар Тоҷикистон таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт аз солҳои 1960 ва таъсири он дар рушди иқтисодиёти кишвар рӯнамои худро манзури аҳли нишаст намудааст.

Зикр шудааст, ки лоиҳаи мазкур барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва дар рафти таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ зикр кардаанд, ки дар доираи  татбиқи лоиҳаи мазкур диққати махсус ба пешниҳоди донишҳои методологӣ ва консептуалӣ оид ба ташхиси фазои тиҷоратӣ равона карда шуда, мақсади пурсишномае, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Фаъолнокии иқтисодиёт» гузаронида мешавад, омӯзиши андешаи роҳбарони ширкатҳо оид ба вазъи тиҷорати кунунӣ, инчунин нақша ва интизории онҳо барои оянда мебошад.

"Зеро таҷрибаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд нишон дод, ки чунин пурсишномаҳо на танҳо барои мақомоти давлатӣ, таҳиягарони сиёсати иқтисодӣ ва таҳлилгарон, балки барои худи посухдиҳандагон низ муфид ва дар баробари ин манбаи иттилоъ мебошад", - омадааст дар хабарнома.

Тарафҳо дар рафти баррасии масъалаҳои таҳкими  ҳамкориҳо дар самти татбиқи лоиҳаҳо дар бахши низоми бонкӣ, инчунин, оид ба рафти амалишавии лоиҳаи «Фаъолнокии иқтисодиёт», табодули афкор намудаанд.

Коршиноси калони иқтисодии Бонки Ҷаҳонӣ Гоҳар Гулюмян изҳор доштааст, ки омода аст барои вусъати ҳамкорҳо дар самти кӯмаки техникӣ мусоидат намояд.

Ҷамолиддин Нуралиев барои тақвияти ҳамкории минбаъда изҳори умед карда, таъкид намудааст, ки таҳия ва татбиқи минбаъдаи чунин барномаҳо дар доираи кӯмакҳои техникӣ на танҳо барои рушди низоми бонкӣ балки иқтисодиёти кишвар таъсири мусбат мерасонад.