Кумаки афсарони пулиси Маскав ба зани тоҷик ҳангоми таваллуди фарзанд - видео

Нозирони пулиси вилояти Маскав Сергей Ятсенко ва Дмитрий Лахин ба як зани тоҷикистоньӣ, ки наздик буд дар роҳ "таваллуд" кунад, кумак расонданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Замоне афсарони пулис диданд, ки зан бо шавҳараш ба таваллудхона шитоб доранд, вале дар роҳ мошинҳо танба шудааст, сиренаи мошини худро рӯшан карда, зани ҳомиларо бо суръати баланд то таваллудхонаи №25 расонданд, хабар медиҳад торномаи расмии телевизиони "МИР24".

Бино ба гузориши манбаъ, Дилноза дар инҷо духтаре бо вазни 3 кило ба дунё овард. Афсарони пулис Лахин ва Ятсенко баъди ду рӯз тӯҳфаҳо дар даст ба таваллудхонаи №25 барои аёдати Дилнозаву тифли навзодаш омаданд. Дилноза ва ҳамсараш бо изҳори сипос ба афсарони пулис гуфтанд, ки бо шарофати кумаки онҳо тифли зебоеро ба дунё оварданд.

Бо кумаки сафорат: ҷасади муҳоҷирони Тоҷикистон ба ватан интиқол меёбад

Хабарнигори «Мир24» мегӯяд, барои Дилнозаву шавҳараш ин фарзанди сеюм аст, вале нахустин фарзанди онҳост, ки дар Русия ба дунё омад. Зану шавҳар ба табибон гуфтаанд, ки дар таваллудхонаҳои дигар нисбат ба онҳо рафтори дағалона зоҳир кардаанд ва ба ҳамин далел, таваллудхонаи №25-ро интихоб карданд.

Елена Хорина, табиби шуъбаи таваллудхонаи №25 мегӯяд: "Ман он рӯз дидам, ки чӣ гуна нозири ГИБДД дар қабулгоҳ давутоз дошт ва мегуфт: "Ман як занро овардам, ки дарди кӯдакаш гирифтааст!" Ин зан дар инҷо духтар таваллуд кард бо вазни 3 килову 80 грамм ва арзёбии хуб тибқи ҷадвали Апгар. Вазъи кӯдак хуб аст".

Дилноза ва шавҳараш низ ба нозирони пулис аз самими қалб изҳори сипос карданд. «Мо мехоҳам ба нозирони ГИБДД як ҷаҳон ташаккур бигӯем, бахусус ба лейтенанти калон Сергей Ятсенко ва лейтенант Дмитрий Лахин. Як ҷаҳон сипос ба Шумо! Бо шарофати шумо ман зеботарин духтар дар ин ҷаҳонро ба дунё овардам!» - гуфт Дилноза.