ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputniк. Ронандагон мегӯянд, андози роҳ аз воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон гарон шудааст. Акнун ҳар як "қувваи асп" – ченаки муайян кардани иқтидори муҳаррик – ба андозаи қобили таваҷҷӯҳ афзудааст.
Тибқи муқаррароти нав ронандагони тоҷикро лозим меояд, ки ба ҷои 4, 12 сомонии соли 2019, ҳоло 4, 35 сомонӣ ба ҳисоби ҳар як "қувваи асп" андози роҳ пардохт кунанд. Пардохти ин намуди андоз дар вақти гузаронидани муоинаи техникӣ (техосмотр) - и воситаҳои нақлиёт ҳатмӣ аст ва он вобаста ба чанд "қувваи асп" баробар будани иқтидори муҳаррик ҳисоб карда мешавад.
Ба ҳисоби фоиз арзиши пардохти ин намуд андози воситаи нақлиёт ва ё "қувваи асп" дар соли нави 2020 ба андозаи 5,5% ҳисоб мешавад.
ВКД: ронандаҳо ба ҳамдигар "сигнал" медиҳанд, дар куҷо нозири БДА истодааст
Комил, як ронанда дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз гарон шудани арзиши муоинаи техникии воситаи нақлиёт изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ба фарқ аз соли гузашта, имсол қимати пардохтҳои давлатӣ дар вақти гузаронидани муоина мошинаш аз марзи як ҳазор сомонӣ ҳам убур кардааст.
"Соли гузашта андози роҳи мошини ман, аз рӯи 75 қувваи асп, 309 сомонӣ буд, имсол ин нарх 326 сомонӣ шудааст. Дар баробари ин, пардохти маблағи суғуртавӣ ҳам аз 180 сомонии соли гузашта ба 210 сомонӣ баробар шудааст. Агар муоинаи техникӣ нагузаронӣ, коргарони БДА ҳар сари қадам дошта барои ин ҷарима таъин мекунанд. Ин ҳама пардохтҳо барои аксар соҳибони мошинҳо осон нест", - мегӯяд ин ронанда.
Бар пояи маълумотҳои оморӣ, Тоҷикистон аз кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки қиммати андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ барои гузаронидани муоинаи техникии мошинҳо дар муқоиса ба кишварҳои ҳамҷавор, аз ҷумла Узбакистону Қирғизистон гарон аст.
Мошин бо 10 литр бензин 100 км мегашт, ҳозир 70 км: шарҳи раиси “Тоҷикстандарт”
Дар Узбакистон арзиши пардохти ҳаққи муоинаи техникии мошинро аз ҳисоби харидорӣ шудани маводи сӯхт дар нуқтаҳои давлатии фурӯши сӯзишворӣ баробар мекунанд. Ин кор барои соҳибони воситаи нақлиёт то андозае сабук меуфтад.
Дар Тоҷикистон фурӯши маводи сӯхтро умдатан ширкатҳои хусусӣ ба зимма доранд ва ба роҳ мондани чунин таҷриба ҳоло ғайриимкон гуфта мешавад.