Қазияи боздошти ронанда барои шикастани дарахт: "Сирена"-ро Рустам Эмомалӣ шинонида буд

Дар Душанбе ронандаеро барои шикастани дарахти ороишотӣ боздошт карданд. Ӯро кормандони милиса ӯҳдадор намуданд, ки зарари расонидаашро барқарор кунад. Маълум шуд, ки дарахтро раиси шаҳри Душанбе шахсан шинонида будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Ду дарахти "Сирена"-ро, ки ронандаи гурезпо дар маркази Душанбе шикаставу дастгир шуд, шахсан раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ шинонида будааст.

Пештар Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боздошти ронандае хабар дод, ки дарахти ороиширо шикаста, фирор карда буд.

Рустами Эмомалӣ дар маркази Душанбе дарахтони хориҷӣ шинонд - акс

Ба гузориши манбаъ, ронанда ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Саид Носир ба сӯи кӯчаи Саъдии Шерозӣ дар зери пули кӯчаи Исмоили Сомонӣ ду дарахти ороишии навъи "Сирена"-ро шикаставу фирор кардааст.

Милисаи Душанбе дар пайи тафтишот ӯро дастгир мекунанд ва ӯҳдадор месозанд, ки зарари расонидаашро барқарор созад.

Зебоиро шикаста гурехт ва боздошт шуд

Моҳи декабри соли гузашта, Рустам Эмомалӣ роҳбари ширкати дарахтшинонӣ дар Душанбе таъин гардидаву дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ шахсан чанд дарахт шинонида буд. Ҳамчунин, ӯ масъулин ба масъулин супориш дода буд, ки ҷиҳати нигоҳубини дарахтон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

"Сирена" дар қатори даҳҳо намуди дигари дарахтони ороишӣ дар кӯчаҳои пойтахти Тоҷикистон шинонида шудааст, ки аз хориҷи кишвар ворид шудаанд ва бино ба бархе ҳисобҳо, воридоти ин гуна дарахтон 25 миллион сомониро ташкил додааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт хостааст, ки ба ободиву зебогиҳои кишвар арҷ гузоранд ва барои боз ҳам зебо гардонидани гулгашту хиёбон ва муҳити атроф саҳмгузор бошанд.