ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Телевизиони "Тоҷикистон" дар гузоришаш аз ифтитоҳи мактаби рақами 65 дар Душанбе шеърхонии зебои Бенямин Илҳомро дар назди Президент намоиш додааст. Бенямин, кӯдаки даҳсолае, ки пас аз нашри навори сӯҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон расонаӣ гашт, аз иллати рӯда азият мекашидааст.
Тавре дар навор дида мешавад, писарак дар назди раисҷумҳур порчаи дарозеро аз шеъри "Қишлоқи тиллоӣ"-и Мирсаид Миршакар зебо ва таъсирбахш қироат мекунад.
Ӯ маҳз ҳамин шеърашро дар озмуни "Аниси кунҷи танҳоӣ..." қироат намудаву ба мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон даъват гардидааст. Ҳангоми шеърхонӣ Бенямин имконият пайдо мекунад, ки аз бемориаш ба раисҷумҳур нақл кунад.
Кӯдаки хурдсол ҳангоми сӯҳбат гиря мекунад ва навори он зуд дар интернет расонаӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, 16 январ ҳамагӣ пас аз як рӯзи сӯҳбати президент бо Бенямин Вазорати тандурустии Тоҷикистон гузориш дод, ки табобати кӯдак оғоз шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба муолиҷаи Бенямин Илҳомови 10-сола, ки аз бемории рӯда ранҷ мекашад, беҳтарин пизишкони тоҷик шурӯъ намуданд.
Бенямини Илҳом баъди ташхис ва машварат дар шӯъбаи гастроэнтрологияи маҷмааи тиббии “Истиқлол” бистарӣ гардида, таҳти муолиҷаи духтурон қарор дорад.
Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин супориш додааст, ки аз табобати Бенямини хурсол ба вай гузориш диҳанд.