Дар Тоҷикистон "Омӯзгори сол-2019" муайян карда мешавад

Имсол даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт шарт доир гардида, дар он муаррифии таҷрибаи кори омӯзгорон, гузаронидани маҷлиси падару модарон, кор бо компютер ва посух ба саволҳо гузаронида мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputniк. Дар Вазорати маориф ва илм маросими даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019" ифтитоҳ гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар". 

Имсол ба даври ҷумҳуриявии Озмуни "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019" панҷ нафар иштирокчӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ШНТҶ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтаанд.

Инҳо омӯзгори фанни физика аз мактаб Интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшони ВМКБ Ризоалӣ Маҳмадназарбеков, омӯзгори  фанни географияи Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Некрӯз  Турсунзода, омӯзгори фанни забони англисӣ аз Литсейи физикӣ-математикии рақами 1 шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Дилафрӯз Каримова, омӯзгори фанни таърих аз Мактаби байналмилаии Президентии шаҳри Душанбе Саид Раҳимов ва омӯзгори фанни ҳуқуқи  Литсейи ба номи Тимур Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова дар даври ниҳоӣ ҳунару маҳорати худро месанҷанд.

Қарори нави Раҳмон: 10 сол барои англисию русидон шудани тоҷикистониён

"Касби омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмату сангин  аст.  Рисолати омӯзгор  тарбияи инсони комил  мебошад. Аз ин рӯ,  дар ниҳоди  шогирд  тарбия намудани   беҳтарин фазилатҳои инсонӣ  кори осон нест. Ба роҳи рост талқин намудани шогирд вазифаи аввалиндараҷаи  омӯзгор аст. Аз ин рӯ, ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм тамоми тадбирҳои заруриро меандешад", — гуфтааст муовини Вазири маориф ва илм Латофат Назирӣ зимни ифтитоҳи даври ҷумҳуриявии  Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019".

Имсол даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур аз рӯйи ҳафт шарт доир гардида, дар он муаррифии таҷрибаи кори омӯзгорон, гузаронидани маҷлиси падару модарон, кор бо компютер, гузаронидани дарсҳои конкурсӣ аз рӯй ихтисос, таҳлили дарс, дарси тарбиявӣ ва посух ба саволҳо гузаронида мешавад.

Бояд зикр намуд, ки даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилотӣ, даври дуввум дар шаҳру ноҳияҳо, даври сеюм дар вилоятҳо ва даври ҷумҳуриявии он дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Даври ҷумҳуриявии озмун тайи ду рӯз идома ёфта, баъзе аз шартҳои онҳо дар мактабҳои шаҳри Душанбе доир мегарданд.

Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии "Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019" 18 январ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.