Дар Суғд бар асари сӯхтор 8 нафар ба ҳалокат расидаанд

Соли гузашта бар асари 445 ҳолати оташсӯзӣ дасти кам 8 нафар ҷон бохтанд, ки се нафари онҳоро ноболиғон ташкил доданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумораи ҳолатҳои оташсӯзӣ дар вилояти Суғд давоми соли 2019 дар муқоиса ба як соли пеш 12 ҳолат бештар ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад сомонаи SuqdNews.

Маҷмааи "Истиқлол"-и Хуҷанд пас аз сӯхтор: сабаби эҳтимолӣ маълум шуд - акс

Ба иттилои манбаъ,  оташсӯзиҳо ба вилояти Суғд ҷамъан 4 миллиону 900 ҳазор сомонӣ хисорот ба бор оварданд. Дар баробари ин? оташнишонҳо тавонистанд молу амволи ҷабридидаҳоро ба маблағи 60 ҳазор сомонӣ аз нобудшавӣ наҷот диҳанд.

Шарҳи нави сӯхтор дар Душанбе: оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи 4 нафар ва ҷароҳати 6 роҳгузар

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои сӯхтар аслан дар шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Гулистон ва ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт ва Зафаробод рух додаанд.

Фаврӣ: як кушта ва ду захмӣ дар пайи таркиш дар корхонаи нафт дар Суғд

Зикр гардидаст, ки омили асосии оташсӯзиҳо риоя накардани қоидаҳои истифодаи асбобҳои барқӣ ва хунукназарӣ нисбати сӯхтор мебошад.