Вакили маҳаллии Қирғизистон мақомоти Тоҷикистонро гунаҳгори мушкилоти марзӣ донист

Сапаралӣ Борубоев вакили маҳаллӣ дар устони Бодканди Қирғизистон, мақомоти Тоҷикистонро муқасири мушкилоти марзӣ эълом кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи 24kg, Сапаралӣ Борубоев, намояндаи мардуми дар Маҷлиси шаҳрии Катрон рӯзи гузашта дар таҷамуъи эътирозӣ дар шаҳри Бишкек пойтахти Қирғизистон эълом кард мақомти кишвараш таҳти таъсири таҳарукоти Тоҷикистон дар масоили марзӣ ҳар бор гузашт мекунанд.

114 аз 467 км: Тоҷикистону Қирғизистон қадами аввалро бардоштанд

Музокироти тӯлонӣ анҷом ёфт: ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон чӣ тавофуқ карданд?

Сапаралӣ Борубоев гуфт, макқомоти Тоҷикистон дар хати марзи муштарак ба иқдомҳои таҳрикомез даст мезананд, дар муқобил ҳукуматдорони Қирғизистон танҳо корашон ин аст, ки сокинони муътаризи минтақаҳои марзиро саркуб кунанд.

“Ваҷаб ба ваҷаб”: сиёсати пинҳони Қирғизистон дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон?

Ин иддаои вакили Маҷлиси маҳалии Қирғизистон дар ҳоле аст, ки таи рӯзҳои гузашта мақомоти қирғиз ва тоҷик ба чандин тавофуқ дар масоили марзӣ даст ёфтанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳудуди сад сокини Қирғизистон дар назди бинои Жогорку Кенеш ҳалли ҳарчи зудтари баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистонро талаб карданд.

Ҷамъомадагон изҳори норозигӣ кардаанд, ки мақомоташон то ҳол натавонистаанд, масъалаи заминҳои баҳсиро ҳал кунанд.

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ мешавад

Талаби дигари эътирозгарон истеъфои Жениш Раззоқов, ноиби сарвазири Қирғизистон дар умури қудратӣ ва тимаш мебошад. Таъкид шудааст, ки ин тими мақомот ҳеч азми ҳалли масоили марзиро надорад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти тоҷику қирғиз созиш карданд, ки то 15 феврали соли 2020 хати  114-километрии марзро ҳамоҳанг кунанд. Ҳамчунин коргурӯҳҳои топографӣ муваззаф шудаанд то 1 марти соли 2020 гузинаҳои ҳамарзишу ҳамандозаи заминҳо барои мубодила миёни ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфара дар минтақаҳои Самарқандак ва Коктошро ҳамоҳанг кунанд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 971 киллометри марзи муштарак доранд ,ки 519 киллометр аз он ҳамчунон мавриди ихтилофи ду кишвар аст.