ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Аммо ба гуфтаи ронандаҳо чунин шеваи кор дар шароити кнунӣ, ки қиммати сӯзишворӣ ва пардохтҳои давлатӣ боло рафтааст бар зарари онҳо тамом мешавад.
Ҳудуди 150 ронандаи узви ширкати мусофиркашонии “Maxim” дар Хуҷанд дирӯз дар қароргоҳи ин ширкат дар Хуҷанд ҷамъ шуда ва ба суроғаи масъулин аз поин бурдани ҳаққи даромади худ нигаронӣ карданд.
Талаби ронандаҳо аз мудирияти “Maxim” ин аст, ки ҳаққи хизматрасонии онҳоро ба мисли пештара боқӣ гузоранд, вагарна онҳо даст ба корпартоӣ мезананд.
"Рахш таксӣ": дар Душанбе таксиҳои нави гардишгарӣ пайдо мешаванд
Аз “Maxim” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки дирӯз ин дархости худро онҳо ба самъи масъулин расониданд, вале то ҳол ҳеҷ чорае сурат нагирифтааст.
Як ронандаи “Maxim” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки масъулини ин ширкат мехоҳанд, ки аз ҳисоби даромади онҳо рақобат ташкил кунанд, вагарна метавонанд, ин корро аз ҳисоби даромадҳои худи ширкат ба роҳ монанд.
Ман ронандаи таксӣ, савор шав: роҳзании шабонаи ҷавонон дар Душанбе
“Дар ин ширкат мо бо мошини шахсии худ кор мекунем. Пештар арзиши хизматрасонӣ барои як нуқтаи шаҳрро 8 сомонӣ ва барои дуюмин нуқта 14 сомонӣ муқаррар карда буданд. Ҳоло барои ду нуқта то 12 сомонӣ ҳаққи хизматрасонӣ муқаррар карданд. Бар замми ширкат аз 1 сомонии пештара ҳоло, 2 сомонӣ аз 14 сомонии ҳаққи кори моро медорад”, - иброз намуд як ронандаи “Maxim”.
Дар ҳамин ҳол ҳеҷ яке аз масъулини “Maxim” сабаби поин кардани ҳақмузди ронандагонро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд.
Ронандаҳо мегуянд, дар сурати расидагӣ нашудан ба муроҷиатҳои шифоҳию ҳам хаттӣ, онҳо аз ҳамкорӣ бо ин ширкат даст кашида бо ширкатҳои дигари мусофирбарӣ шомил хоҳанд шуд. Зимнан дар шаҳри Хуҷанд чанд ширкати таксиронӣ “Рахш”, “33-33” ба ҳисоби “ Maxim” амал мекунад.