Президент барканор карду ба вакилӣ пешбарӣ шуд: Азиззода дар интихобот иштирок мекунад

Раиси пешини ноҳияи Мастчоҳ яке аз номзадҳои асосӣ дар интихоботи парлумонӣ аз ҳавзаи рақами 18 ноҳия аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Ғайрат Азиззода, раиси пешини ноҳияи Мастчоҳ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҲХДТ пешбарӣ шуд.

Азиззода ба ҷои Азиззода: роҳбари Суғд раиси нави Мастчоҳро муаррифӣ кард

Тавре АМИТ "Ховар" гузориш медиҳад, дар ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи якҷояи ташкилотҳои ҳизбии ноҳия ва шаҳрҳои Мастчоҳ, Гулистон, Истиқлол бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, раисони кумиҷроияҳои ҳизбии Гулистон — МуслимахонҶамолиён, Истиқлол – Муҳаммадамин Ниёзов, Мастчоҳ – Дилшод Зокиров ва раиси ҳавзаи якмандатии Мастчоҳ №18 Абдураҳмон Сафаров баргузор шуд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ шахсан барои мансабҳои холӣ мутахассис интихоб кард

Дар конференсия масъалаи пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Мастчоҳ №18 баррасӣ шуд.

"Вакилони конференсияи якҷоя номзадии раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззодаро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 пешниҳод карданд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 январи соли 2020 бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд  Тоҳир Азиззода таъин карда шуд.