Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дирӯз 15 - уми январи соли 2020, дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 65 - ро ифтитоҳ кард ва бо омӯзгорон ва муҳассилини ин боргоҳ сӯҳбати ошкоро орост.
Зимнан, навори сӯҳбати роҳбари давлат бо хонандаи 10-сола, ки дар озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ" иштирок кард ва ҷойи намоёнро ишғол намуд, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.
Дар навор, Эмомалӣ Раҳмон аз қобилияти зеҳнии Бенямин Илҳомов тавсиф намуда, аз ӯ мепурсад, ки дар ояндаи кӣ шудан мехоҳад.
Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ дар пойтахт истгоҳи обполоиро ифтитоҳ карданд
Бенямин дар посух ба суоли роҳбари давлат гуфт, ки нияти пизишк шуданро дорад ва баногоҳ ба гиря даромад.
Маълум гардид, ки кӯдак мариз аст ва аз бемории рӯда сахт азият мекашад ва интихоби касби оянда низ бесабаб нест, чун мехоҳад дарди худро шифо бахшад.
Баъди шунидани чунин посух, раисҷумҳур сари ин хонандаро сила карда ва директори мактабро ба наздаш хонда, барои кӯмаки ҳаматарафа, ройгони ташхис ва табобат вазифадор мекунад. Ҳамчунин роҳбари давлат хост то аз натиҷаи табобати Бенямин ба ӯ ҳисобот диҳанд.
Дида мешавад, ки баъди ин дастури раисҷумҳур, хонандаи мактаб таскин меёбад.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони ин мактаби нав аз суи ширкати "Ёқут-2000" бо ҷалби 100 коргар дар зарфи як сол анҷом дода шуда ва зимнан яке аз калонтарин мактабҳои ин ноҳияи пойтахт ба ҳисоб меравад.