Ҷонишин: Путин ба Медведев мансаби нав пешниҳод кард-видео

Владимир Путин, азмаш барои таъсиси мақоми муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русияро баён дошта, ба ин мақом Дмитрий Медведевро пешниҳод кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Медведев, нахуствазири Русия, ки имрӯз аз истеъфои ҳукумати таҳти роҳбарияш хабар дод, метавонад мақоми ноиби Шӯрои амниятро гирад. Нияти ташкили чунин мақомро раисиҷумҳури Русия баён дошт.

Истеъфои ҳукумати Русия пас аз паёми солонаи Путин

“Дмитрий Анатолевич Медведев роҳбари давлат, раисиҷумҳури Русия буд ва тақрибан 8 соли охир дар садри Ҳукумат қарор дорад”, - гуфт Путин.

Пешниҳоди Медведев ба мақоми ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия дар ҳолест, ки роҳбарии ин Шӯроро худи Владимир Путин ба уҳда дорад.

Ҳайати ҳукумати Русия, ки 18 - уми майи соли 2018 ташкил шуда буд, имрӯз дар ҳайати пуррааш ба истеъфо рафт. Ҳукумати таҳти роҳбарии Медеведев аз 32 узв иборат буд.

Владимир Путин ба аъзои Ҳукумат барои кори муштарак сипос гуфта, афзудааст, ки на ҳамаи аҳдоф амалӣ гардиданд. Путин афзудааст, бо ҳар яке аз вазирон дар алоҳидагӣ мулоқот хоҳад кард ва хостааст, то ташкили ҳукумати ҷадид вазифаҳояшонро иҷро кунанд.