ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Мутахассиси сербӣ - Деян Дедович бо анҷом ёфтани муҳлати шарномааш аз вазифаи сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон канор рафт,хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Федератсияи футболи Тоҷикистон аз фаъолияти пурсамари Деян Дедович изҳори қанотмандӣ намуда, ба ӯ дар идомаи фаъолияти мураббигиаш барорару комёбӣ таманно кард.
Чемпионати Осиё дар риштаи футзал: 16 дастаи иштирокчӣ муайян шуданд
Феълан, исми сармураббии нави мунтахаби футзали кишвар маълум нест, аммо интизор меравад дар рӯзҳои наздик сармураббии нави футзали Тоҷикистон эълон шавад.