Мушкилатон ҳал мешавад: ваъдаи Расулзода дар ҳузури Аҳмадзода ба сокинони Шӯроб

Аҳолии шаҳраки Шӯроби Исфара то рафт кам мешавад. Зеро мушкилии рақами яки сокинон беобист. Сарвазири Тоҷикистон ба минтақа сафар кард ва ба сокинон гуфт, ки ин проблема ба зудди ҳал хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputniк. Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба чанде аз ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Исфара сафар карда, бо вазъи иҷтимоии сокинон шинос гардидааст.

Дар шаҳраки Шӯроби Исфара, ки сокинонаш сахт аз об танқисӣ мекашанд, сарвазир таъкид намудааст, ки ин проблема ба зуддӣ ҳал мегардад.

"Проблемаи норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак ҳал гардида, дар ояндаи наздик беморхона, мактаб ва кӯдакистони Шӯроб таъмиру навсозӣ карда мешавад", - гуфтааст Қоҳир Расулзода.
Фоҷиаи шаҳри Шӯроб: "Зарфҳои холиро бо оби борон пур карда, мемонем"

Сипас, дар ҳузури нахуствазир ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, лоиҳаи обёрии шаҳраки Шӯроб муаррифӣ гардидааст.

Ширкати олмонӣ ба таҷдиди кони "Шӯроб" кӯмак мекунад

Дар асоси лоиҳа об аз дарёи Исфара ба дарозии беш аз 11 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Дар Шӯроб ду ҳавз бо ғунчоиши умумии 5 ҳазор метри мукааб сохта шуда, дар масофаи наздик 6 километр қубурҳо хобонида шудааст. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насб карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин Расулзода аз шаҳрҳои Конибодом, Бӯстон, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ дидан кардааст.

Ёдрас мешавем, аҳолии Шӯроб бо далели набудани об аз 15 ҳазор нафар то 3 ҳазор нафар кам шудааст. Феълан сокинон обро мехаранд.