ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқа, ки ба хотири интихоби номзадҳо ба тими бонувони футболбози то 19-солаи Тоҷикистон ташкил карда шуд, 4 даста – Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2 ва ШНТМ иштирок карданд. Манбаъ афзуд, ки мунтахаби бонувони футболбози то 19-сола дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ иштирок хоҳад кард.
Ба иттилои Кумита, мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуд.
“Футболбозбонувони пойтахт бо роҳбарии сармураббӣ Зебо Қосимова дар ҳамаи бозиҳо пирӯз шуда, медалҳои тиллоро ба гардан овехтанд. Медалҳои нуқра насиби тими ШНТМ ва биринҷӣ насиби дастаи Хатлон-1 гардид”, - омадааст дар иттилоия.
Кумитаи миллии олимпӣ таъкид кардааст, ки дар натиҷа, беҳтаринҳо ба тими бонувони ҷавони Тоҷикистон дар риштаи футзал – “U-19” ҷалб гардида, ба Чемпионати АФОМ-2020 омодагӣ мебинанд. Мусобиқаи мазкур миёни духтарони то 19-сола аз 24 то 29 январ дар Душанбе сурат мегирад.
Футболбозбонувони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Шерзод Ҷумъаев бо ҳамсолонашон аз Эрон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон бозӣ мекунанд.