Эътироз: талаби насби симхор бо Тоҷикистон, истеъфои Раззоқов ва раҳоии боздоштшудаҳо-акс

Сокинони Қирғизистон бо баргузории як ҳамоиши эътирозӣ дар Бишкек аз мақомоти кишварашон ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистонро тақозо доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳудуди сад сокини Қирғизистон дар назди бинои Жогорку Кенеш ҳалли ҳарчи зудтари баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистонро талаб доранд, хабар додааст Sputnik Қирғизистон. Ҷамъомадагон изҳори норозигӣ кардаанд, ки мақомоташон то ҳол натавонистаанд, масъалаи заминҳои баҳсиро ҳал кунанд.

114 аз 467 км: Тоҷикистону Қирғизистон қадами аввалро бардоштанд

Талаби дигари эътирозгарон истеъфои Жениш Раззоқов, ноиби сарвазири Қирғизистон дар умури қудратӣ ва тимаш мебошад. Таъкид шудааст, ки ин тими мақомот ҳеч азми ҳалли масоили марзиро надорад.

“Мо талаб дорем, ки ҳамаи барномаҳои рушди вилояти Бодканд рӯи даст гирифта шаванд. Феълан вилояти Бодканд ба “пои панҷуми саг” мубаддал шудааст. Аллакай соли 2020-ум аст, аммо ҳанӯз як метр симхор кашида нашудааст”, - изҳор дошт роҳбари созмони ҷамъиятии "Сарҳад", Асхат Осмонов.

Ҳамчунин эътирозгарон раҳоии 4 шаҳрванди Қирғизистонро талаб доранд, ки бо иттиҳоми иғвогарию расондани зарар дар марзи Тоҷикистон боздошт шуданд.

Эътироз: талаби насби симхор бо Тоҷикистон, истеъфои Раззоқов ва раҳоии боздоштшудаҳо-акс

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти тоҷику қирғиз созиш карданд, ки то 15 феврали соли 2020 хати  114-километрии марзро ҳамоҳанг кунанд. Ҳамчунин коргурӯҳҳои топографӣ муваззаф шудаанд то 1 марти соли 2020 гузинаҳои ҳамарзишу ҳамандозаи заминҳо барои мубодила миёни ноҳияи Бодканд ва шаҳри Исфара дар минтақаҳои Самарқандак ва Коктошро ҳамоҳанг кунанд.