Эрон зад?: боз як ҳамлаи мушакӣ ба пойгоҳи низомии Амрико

Феълан кишваре ё гурӯҳе масъулияти ҳамлаи мушакиро бар дӯш нагирифааст. Дар бораи талафоти низомиёни амрикоӣ маълумоте нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Пойгоҳи низомии Ат-Тоҷи дар шимоли Бағдод, ки дар он қӯшунҳои амрикоӣ ҷой дода шудаанд, таҳти ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, хабар медиҳад РИА Новости.

Washington Post: аз замони ҳамлаи Амрико ба Афғонистон беш аз 157 ҳазор нафар кушта шуд

Тавре низомиёни Ироқ хабар додаанд, пойгоҳ бо силоҳи "Катюша" тирборон шудааст. Дар ҳамин ҳол, дар натиҷаи ҳамла нафаре аз низомиёни амрикоӣ зарар надидаанд.

Феълан кишваре ё гурӯҳе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Ёдрас мешавем, таниш байни Амрико ва Эрон аз аввали соли равон идома меёбад. Аммо пас аз куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ муносибатҳои ду кишвар муташанниҷ гашт. Эрон эълом кард, ки аз ИМА сахт қасд хоҳад гирифт ва чанд пойгоҳи Амрикоро ҳадафи ҳамалот қарор дод.

Доналд Трамп дар посух гуфт, ки ҳамлаи навбатии Эрон ба шаҳрвандони Амрико "посухи тез ва қавӣ" хоҳад гирифт.