Додгоҳи Қирғизистон ҳабси Алмосбек Отамбоевро боз тамдид кард

Додгоҳи Қирғизистон ҳабси собиқ раисҷумҳури ин кишвар Алмосбек Отамбоевро то 15 - уми марти соли равон тамдид намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Ҳабси Алмосбек Отамбоев раисҷумҳури собиқи Қирғизистон то 15 - уми марти ҳамин сол тамдид гардидаст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба вакили мудофеи Отамбоев, Замир Жоошев.

Жээнбеков гуфт тақдири Отамбоев бароям бетафовут нест

Ба гуфтаи Замир Жоошев, баррасии парванда низ бо сабаби бемории яке аз вакилони айбдоршаванда ба таъхир гузошта шуд.

Муҳокимаи навбатӣ рӯзи 16 - уми январ баргузор мегардад, изҳор намудаст вакили Отамбоев.

Маврид ба зикр аст, ки баррасии парвандаи ғайриқонунӣ озод шудани ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев, ки собиқ раисҷумҳури Қирғизистон низ яке аз муттаҳамони ин парванда мебошад, мобайнҳои моҳи ноябр оғоз гардид ва мурофиаи додгоҳӣ пушти дарҳои баста сурат мегирад.

Вакил гуфт, Отамбоев ба далели ҷавобгӯ набудани толори суд қаҳр карда рафт

Қаблан, баррасии парвандаро ба далели бад будани саломатии Отамбоев ва чанд вакили дигар ба таъхир гузошта буданд.

 Ёдовар мешавем, ки соли 2006 Батукаев барои ташкили тазоҳурот дар як муассисаи ислоҳотӣ дар канори Бишкек ба 16 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.

Он замон,  дар натиҷаи тазоҳурот дар зиндон, вакили қирғиз Тиничбек Акматбоев, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо Ҳикматулла Полотов ва ду аъзои порлумон кушта шуданд.

Отамбоев гузаштан аз муоинаи равониро рад кард

Соли 2013 Батукаев бар асоси хулосаи ташхиси тиббӣ, гӯё ӯ ба саратони хун гирифтор аст, аз зиндон озод шуд. Аммо Батукаев бо гузашти ҳамагӣ чанд соат шиносномаи нав гирифт ва қаламрави Қирғизистонро тарк кард.

Зимнан, тафтишот муайян намуданд, ки дар раҳо шудани Батукаев худи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев даст доштаст.

Алмосбек Отамбоев, ки моҳи август пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир карда шуд, то ҳол дар КДАМ ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.

Ӯро дар содир намудани чандин ҷиноятҳо муттаҳам медонанд.