Деҳа, биёбон, Саанич: интихоби шоҳзода Гаррӣ ва Меган Маркл ба кадоми инҳо меафтад

Sputnik

Ҳафтаи гузашта шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯ Меган Маркл эълом намуданд, ки аз мақоми аъзои хонаводаи шоҳигарӣ будан, даст мекашанд.

Маликаи Бритониё Елизавета II аз Трамп шикоят кард

Ҳамчунин шоҳзода изҳор намудаст, ки аз тамоми имкониятҳое, ки ин хонаводаи мӯътабар  бархӯрдоранд, даст мекашад.

Бояд гуфт, ки тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ дар таърихи хонаводаи онҳо бесобиқа аст.

Зимнан, пас аз эълони тасмими мазкур Малика Елизавет II шӯрои фавриро таъсис дод, то вазифаҳои ҷадиди шоҳзода Гаррӣ ва Меган Марклро муайян намоянд.

Гуфта мешавад, Малика Елизавет II пас аз анҷоми шӯро, тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯро ҷонибдорӣ кардааст вале изҳор намудаст, ки онҳоро аз хизматрасонии муҳофизон низ маҳрум мекунад.

Зеро, харҷи ҳифозати шабонарӯзии онҳо ба 80 миллион рубл баробар аст.

Интизор меравад, дар ояндаи наздик ҷойгузини онҳо муайян мегардад.

1 / 8
Шоҳзода Гарри ва Меган Маркл тасмим гирифтаанд, ки аз мақоми аъзои оилаи шоҳона будан ва ҳамзамон аз имтиёзҳои марбута даст бикашанд
2 / 8
Тасмими гирифтаи шоҳзода Гаррӣ ва ҳамсари ӯ Меган Маркл дар таърихи шоҳигарии ин хонавода бесобиқа аст
3 / 8
Ҳадс зада мешавад, ки шоҳзода Гаррӣ ва Меган Маркл ба шаҳри Сааничи Канада кӯч мебанданд
4 / 8
Glen Meadows golf course looking east.
5 / 8
Гвардияи соҳилии Канада дар Сааниче Шимолӣ
6 / 8
Ҷазираи Виктория, Канада
7 / 8
Дар робита ба тасмими гирифтаи шоҳзода, Малика Элизабет II шӯрои фавриро ташкил намуд, то вазифаҳои навро барои шоҳзода Гарри ва Меган Маркл муайян кунанд
8 / 8
Дарвозаи кӯшке, ки шоҳзода Гаррӣ ва Меган Маркл дар он ҷо зиндагӣ мекарданд