Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Як бому ду ҳаво? Ҳайат дар Исфара, баррасиҳо дар Бишкек -аксҳо

Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара дар сафҳаи Фейсбуки худ чанд қитъа аксро пахш кард, ки аз фазои орому ҳусни тафоҳум дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шаҳодат медиҳад. Аммо дар Бишкек парлумони Қирғизистон феълан ин мавзӯро ба баррасӣ гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Музокироти ҳайтаҳои Тоҷикистону Қирғизистон таҳти раҳбарии муовинони сарвазирони ду кишвар – Азим Иброҳим ва Жаниш Раззоқов соати 10.00 ба вақти Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои марзии “Гулистон” - и шаҳри Исфара ва “Қизил Бел” – и ноҳияи Бодканд шурӯъ шуд.

Дар ин музокироти Юсуф Раҳмон, прокурори генералӣ, Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Саидмуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ва ҳамтоёни онҳо аз Қирғизистон – Ӯткурбек Ҷамшедов, прокурори генералӣ, вазири корҳои дохила - Кашкар Ҷунушалиев, раиси КДАМ Орозбек Опумбоев ширкат доранд.

Аз Ятимов то Раҳимзодаю Раҳмон дар сарҳаданд: ченкунию гуфтушуниди генералҳо дар марз

Дар мулоқот намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва раҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистону Бодканд ва шаҳри Исфараву ноҳияи Бодканд низ ҳузур ёфтаанд.

Таври маълум, ҷараёни ҳодисаҳо тайи як ҳафтаи ахир раҳбарияти ду кишварро сахт дар ташвиш гузоштааст ва ҳадафи аслии музокирот хотима гузоштан ба ин ҳама таҳаввулоти ташвишовар аст”, - гуфт Иқбол Тешаев.

 Аммо бино ба иттилои дарёфтӣ, дар канори ин музокирот як ҷаласаи дигар низ дар ҷараён аст, ки дар он аъзои Комиссияи муштараки аломатгузорӣ ва таъйини марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҳузур доранд ва мавзӯъи Созишномаи аломатгузорӣ ва таъйини марзҳоро ба баррасӣ гирифтаанд.

 “Тарҳи ин созишнома дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст ва дар сурати иттифоқи назар миёни ҷонибҳо аз ин ҷо ба толорҳои парлумонҳо ва рӯи мизи раҳбарони ду кишвар хоҳад рафт”, - мегӯяд як манбаъи дигар ба Sputnik Тоҷикистон.

 Музокироти раҳбарони мақомоти қудратӣ ва ҷаласаи Комиссияи муштараки аломатгузорӣ ва таъйини марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон пушти дарҳои баста ва дур аз дастрасии расонаҳо баргузор мешавад.

Хабарнигорон ҳам дар шурӯъи музокирот то чанд лаҳза иҷозаи наворгириро пайдо карданд ва зуд аз толор ихроҷ шуданд. Яке аз тавофуқоти ду ҷониб дар гузашта ҳам ин буд, ки тафсилоти музокироти марзии ду кишвар дар ихтиёри расонаҳо гузошта нашавад.

 “Гуфтушунид идома дорад. Баъд аз анҷоми гуфтушунид изҳороти расмии муштарак манзур мегардад”, - гуфт Иқбол Тешаев.

Дар баробари ин, ки ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ҷаласа оростаанд, Кумитаи мудофиа ва амнияти парлумони Қирғизистон низ масъалаи марзро дар як ҷаласаи хос ба баррасӣ гирифта, масъулони марзбонӣ ва вазорати корҳои хориҷии кишварашро барои ташреҳи вазъи марз бо Тоҷикистон ҳозир кардааст.

 Манбаъи Sputnik дар Исфара мегӯяд, ин вазъ дар ҳалли масоили марзӣ духӯрагиро ба вуҷуд меорад.

“Мутаассифона, якдаста набудани ҳокимият дар Қирғизистон ҳалли ин баҳсро мушкил мекунад. Дар ҳоле ки раисҷумҳур ва ҳукумати он кишвар мехоҳанд ба ин баҳс хотима гузоранд, парлумони он кишвар ба таври ҷудогона даст ба амал мезанад ва қудрати ҳукумати худро таҳти суол қарор медиҳад”, - афзуд ӯ.