Пешниҳоди филми зодаи Тоҷикистон ба ҷоизаи "Оскар"

Филми тасвирии зодаи Тоҷикистон дар бахши "Беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳ" ба ҷоизаи бонуфузи "Оскар" пешниҳод шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Филми зодаи Тоҷикистон ба феҳристи филмҳои пешниҳодшуда ба ҷоизаи "Оскар" ворид шуд.

Филми "Духтар" - и коргардон Даря Кашеева аз номи Чехия дар бахши "Беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳ" ба ин ҷоиза пешниҳод шудааст.

Даря Кашеева соли 1986 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

"Бункер" - сафари як филми тоҷикӣ аз Фаронса ба Бангладеш

Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, Даря ҳамроҳи волидонаш ба Русия кӯчиданд.

Пас аз зиндагӣ дар шаҳри Валдай, Новгород ва Маскав Даря ба Прага рафт.

Филми кӯтоҳи "Дӯғоб" дар Кинофестивали ҷаҳонии Қирғизистон сазовори ҷоиза шуд

"Мафҳуми Ватан барои ман норӯшан аст. Ман дар Тоҷикистон ба дунё омадаам, вале ҳамаи узви хонаводаам рус ҳастанд. Ман чор сол доштам, ки Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. То синни 16-солагиам мо дар Валдай баъдан дар Новгород ва дар 17-солагӣ ба Маскав кӯчидам. Аввал ман ҳамаи шаҳрҳои навро дӯст доштам, вале баъдан дилгир шудам. Барои ҳамин ман на Маскав, на Валдай ва на Душанберо ватани худ эҳсос намекунам. Шояд Прага ҳам барои муддате ватанам бошад - кӣ медонад", - нақл кард зодаи Тоҷикистон дар мусоҳиба бо "Афиша Daily".

Филми тасвирии "Духтар" дар бораи муносибати нохуби падар ва духтар нақл мекунад. Ин филм дар ҷашнвораи филмҳои Швейтсария Fantoche чун беҳтарин филми донишҷӯӣ шинохта шуд.