Абдураҳим Маҷидов - сокини рустои Чеки вилояти Ботканд мебошад. Ин деҳа дуртар аз минтақаи наздимарзии Кок-Тош воқеъ аст.
Як бому ду ҳаво? Ҳайат дар Исфара, баррасиҳо дар Бишкек -аксҳо
Ин мард аз синни 15-солагӣ дар ин деҳа маскун шудааст. Ӯ қитъаи заминеро дар бари тоҷикон барои худ гирифта ва якҷоя бо тоҷикон ба сар мебарад.
Аз Ятимов то Раҳимзодаю Раҳмон дар сарҳаданд: ченкунию гуфтушуниди генералҳо дар марз
Дар давоми умри худ ӯ шоҳиди таъйину барканории чандин раисони ноҳияву вилоят шудааст.
"Мо боре ҳам ҳамдигарро ҷудо намекардем: ту тоҷик ё ту қирғиз. Дар як мактаб мехондем, маросиму тӯйҳоро якҷо мегузаронидем. Миёни мо душманӣ набуд", - нақл мекунад мӯйсафед.
Ногуфта намонад, ки дар ин навор марди қирғиз ба забони ноби тоҷикӣ бе мушкилӣ суҳбат мекунад.