Консерти хайриявии овозхонони Бадахшон дар Маскав

Дар консерти хайриявӣ дар Маскав, овозхонони шинохтаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунарнамоӣ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар Маскав консерти хайриявии сарояндагони машҳури бадахшонӣ баргузор мешавад. 

Дар ин бора баргузоркунандагони консерт ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба гуфти мусоҳиб, консерт ба хотири ҷамъоварии маблағ барои ҷароҳии писарчаи хурдсол - Абдумамадов Амин, ки ҳамагӣ 11 сол дорад аз бемории вазниин-саратон азият мекашад, барпо мешавад.

"Як гурӯҳ ихтиёриён аз гурӯҳи "Померебутс" тасмим гирифтем барои кумак ба ин бародарамон консерте барпо кунем. Ростӣ овозхонон низ розӣ шуданд", - гуфт Рамзес Шогунов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Консерт рӯзи 18 январ дар тарабхонаи воқеъ дар метрои Марина, дар суроғаи Люблинское 100 баргузор мешавад.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор: консерти хайрияи овозхонҳои бадахшонӣ дар Маскав

Ситора Шоҳдавлат дар Русия бунёди хайрия ташкил кард

"Дар консерт Манучеҳри Хайруллобек, Орзу Аловатов, Расул Давлатбек ва дигар овозхонони шинохта ҳунарнамоӣ хоҳанд кард",-гуфт манбаъ.

Ёрии муҳоҷирон ба ниёзмандони Рӯшон: аз пӯшоку пойафзор то доруву дастгоҳ

Нархи чиптаи консерт 1000 рубли русӣ мебошад. Дастандаркорон умед доранд, ки бо ин роҳ тавонанд маблағе ҷамъ оварда ба Амин кумак кунанд.