ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Дар Эрон чанд нафар боздошт шуданд, ки дар суқути ҳавопаймои Boeing-737 дар Теҳрон гумонбар дониста мешаванд, хабар медиҳад сомонаи Reuters бо истинод ба намояндагони Вазорати адлияи Эрон.
Зимнан, маълум нест, ки дақиқан чанд нафар гумонбаршудаҳо мавриди боздошт қарор гирифтаанд.
"Хатои инсонӣ": Эрон иқрор шуд, ки ҳавопаймои Украинаро тасодуфан задааст
Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои Boeing-737- и украинӣ субҳи 8 – уми январ дар Эрон суқут кард.
Ҳавопаймо аз фурудгоҳи байналмилалии Теҳрон ба ҳаво бархост, вале бо гузашти ҳамагӣ 4 дақиқа аз родар нопадид ва суқут кард, ки дар натиҷа дасти кам 176 нафар, 168 сарнишин ва 9 халабони ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд.
Маълум гардид, ки савори ин ҳавопаймо шаҳрвандони 7 кишвар аз қабили Эрон, Украина, Канада, Шветсария, Афғонистон, Британияи Кабир ва Олмон буданд.
Зимнан, раисҷумҳури Эрон дар тамоси телефонӣ аз кишвардори Украина Владимир Зеленский расман аз мардуми ин кишвар барои суқути ҳавопаймои Boeing-737 пӯзиш пурсид ва ба наздикони қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатбор изҳори ҳамдардӣ кардааст.
Зимнан, Ҳасани Рӯҳонӣ зимни сӯҳбат ба Владимир Зеленский ваъда додааст, ки дастандаркорони ин ҳодисаи даҳшатбор ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Гузашта аз ин, Рӯҳонӣ қавл додаст, ки барои таҳқиқи мунсифонаи ин ҳаводис ба Украина ҳамаҷониба кӯмак хоҳад кард.
Ҳамчунин ҷуброни ин зарари калонҳаҷм ба Украинаро низ ҷониби Эрон ба зимма гирифтаст.